Шартҳои истифода
Навсозии охирин: 2026
Умумӣ
Платформаи «Сафо» ба тозагии маҳаллаҳо ва шиносоии сайёҳон бо Тоҷикистон мусоидат мекунад. Бо истифода аз сайт шумо бо ин шартҳо розӣ мешавед.
Ҳисобҳо
Ҳисоби раис ва тозакунандаро танҳо админ месозад. Сокинон тавассути силкаи раис сабт мешаванд. Паролро ба каси дигар надиҳед.
Мундариҷа
Суратҳо, шарҳҳо ва паёмҳо бояд воқеӣ, қонунӣ ва эҳтиромона бошанд. Мундариҷаи таҳқиромез ё спам нест карда мешавад ва корбар метавонад хомӯш ё блок шавад.
Субботникҳо
Иштирок бо сурат тасдиқ мешавад ва онро раиси маҳалла месанҷад. Дар платформа ҷаримаи пулӣ нест; танҳо огоҳинома, холҳо ва рейтинги иштирок истифода мешавад.
Маълумоти ҷойҳо
Маълумоти ҷойҳо аз манбаъҳои кушод гирифта шудааст. Расмҳо бо литсензияи озод (Wikimedia Commons) ва бо зикри муаллиф нишон дода мешаванд. Агар хатое ёфтед, ба дастгирӣ нависед.
Масъулият
Мо кӯшиш мекунем, ки маълумот дуруст бошад, вале барои тағйирот дар соати кор, нархҳо ва роҳҳо кафолат намедиҳем. Пеш аз сафар маълумотро санҷед.